Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба мошинҳои НАТО дар Ҷамруд-Хайбар


Афроди мусаллаҳ дар минтақаи Ҷамруд-Хайбар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ба чаҳор мошине ҳамла карданд, ки барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон молу мавод мебурданд.

Дар ин ҳамла, ки рӯзи сешанбе, 4 март сурат гирифт, ду нафар ба ҳалокат расиданд. НАТО молу коло ва маводи сӯхт барои низомиёнаш дар Афғонистонро асосан аз тариқи Покистон интиқол медиҳад. Ҷаҳонгир Аъзам Вазир, як мансабдори аршади маҳаллӣ, гуфтааст, ки мошинҳои НАТО аз сӯи чаҳор нафари савори мотосикл мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Баъд аз тирандозӣ ҳамлагарон ҷойи ҳодисаро тарк намудаанд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо Исломобод ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони “Толибон” кардааст, ки аз ин пеш чандин бор ба корвонҳои мошинҳои НАТО ҳамла карда буданд.
XS
SM
MD
LG