Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифротиён масъулини ҳукумати Самарраро гаравгон гирифтанд


Ифротиёни либоси низомӣ дар тан рӯзи сешанбе, 4 март, ба биноҳои ҳукумати маҳаллӣ ва додгоҳи шаҳри Самарраи Ироқ ворид шуда, чанд нафарро гаравгон гирифтанд.

Хабаргузории Рейтер бо такя ба иттилои мансабдорон ва шоҳидони ҳодиса навиштааст, ки дар ин ҳодиса дасти кам 16 кормандони пулис ва ҳашт сокини осоишта ҷароҳат бардоштаанд. Миёни маҷрӯҳон муовини раиси шӯрои шаҳр Аммар Аҳмад низ ҳаст.

Афсари полиси шаҳр Даъфир Аҳмад гуфт, ки қабл аз ҳамла як маргталаб худро дар канори биноҳои ҳукуматӣ мунфаҷир кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳамлагарон то ҳол дар дохили биноянд ва кормандони ҳукумати маҳалливу додгоҳро гаравгон гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки ин дуввуми ҳодисаи ҳамла ба маркази вилояти Салоҳиддин дар моҳҳои ахир аст.
XS
SM
MD
LG