Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигарони нави «Хуҷанд»


Tajikistan -- Dushanbe, Tursunali Rustamov football player,
Tajikistan -- Dushanbe, Tursunali Rustamov football player,

Искандар Ҷалилов, собиқ ҳимоятгари «Рубин»-и Қазон ва Турсуналӣ Рустамов, ҳамлагари мунтахаби Қирғизистон, имсол дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозӣ мекунанд.

Искандар Ҷалилови 21-сола порсол аз давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар тими «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард. Ба иттилои Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии нави дастаи «Хуҷанд», Искандар Ҷалилов дар тими «Хуҷанд» аллакай дар як бозии давраи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муқобили «Эсхата»-и Хуҷанд ширкат дошт.

Ин бозӣ бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи «Хуҷанд» анҷом ёфт. Голи ягонаро легионер Турсуналӣ Рустамов, узви тими миллии Қирғизистон, ба ҳадаф расонд. Пеш аз ин бозӣ вай дар ҳайати«Хуҷанд» ба дарвозаи «Шайдон»-и Ашт се гол зада, «хет-трик» кардааст. Ин бозӣ бо пирӯзии «Хуҷанд» бо ҳисоби 4-0 хотима ёфта буд.

Бояд гуфт, ки қарордоди Турсуналӣ Рустамови 24-сола бо бошгоҳи «Дордой»-и Бишкек ба охир расидааст ва ӯ дар ҳамин ҳол мақоми футболбози озодро дорад. Турсуналӣ, ки зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғди Тоҷикистон аст, дар ҳайати тими мунтахаби миллии Қирғизистон якчанд бозӣ анҷом додааст. Вай ҳоло имкон дорад, ки карйераи варзишиашро дар тими «Хуҷанд» идома бидиҳад.

Нуъмонҷон Юсуфов аз бозии футболбозони нави даста - Искандар Ҷалилов ва Турсуналӣ Рустамов - изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, ки онҳо дар мавсими имсола ба даста кӯмак хоҳанд кард.

Ба гуфтаи сармураббии нави «Хуҷанд», легионерҳои африқоӣ аз Гана – ҳимоятгар Бенҷамин Авуко, нимҳимоятгар Бенҷамин Аманква ва ҳамлагар Чарлз Теко, ки имрӯз, 4-уми март, ба Душанбе баргаштанд, ба даста дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки рӯзи 10-уми март оғоз меёбад, ҳамроҳ мешаванд.
XS
SM
MD
LG