Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав намоиши зиддиҷангӣ баргузор мешавад


Қарор аст, ки шоми сешанбе, 4 март, дар шаҳри Маскав ҳамоиши зиддиҷангӣ баргузор шавад. Ширкаткунандагони ҳамоиш дар канори бинои вазорати дифои Русия бо шиорҳои “Мо зидди таҷовузи Русияи путинӣ алайҳи Украинаем!”, “Мо хилофи забти Қримем!”, “Мо муқобили вориди ҷанги худкӯшона кардани кишварем!”ҷамъ хоҳанд омад.

Аз ин пеш ҳам дар Маскав ва чанд шаҳри бузурги Русия намоишҳои зиддиҷангӣ доир шуданд, аммо кормандолни полис онҳоро пароканда намуданд. Садҳо тан аз тазоҳургарон боздошт шуданд. Намоишҳои эътирозӣ алайҳи вуруди низомиёни рус ба Украина дар чанд шаҳри аврупоӣ ҳам баргузор шуданд.

Рӯзи сешанбе Театри нави Рига эълом дошт, ки ба нишони эътироз алайҳи аъмоли Маскав дар қиболи Украина ҳама намоишҳояш дар қаламрави Русия дар соли 2014-ро лағв мекунад. Хабаргузории “Lеnta.ru” бо такя ба сомонаи театр навиштаааст, ки театр аз ширкат дар ҷашнвораҳои театрӣ дар Санкт-Петербург ва Омск сарпечӣ намуда, раҳбари он Алвис Ҳерманис тасмими қаблияш барои рӯи саҳнаи Театри Калони Маскав овардани як намоишномаро бознигарӣ кардааст.

Рӯзҳои ахир чанд тан аз ситораҳои ҳунари Русия, аз ҷумла, Борис Гребеншиков, Юрий Шевчук, Андрей Макаревич, Земфира алайҳи таҷовузи эҳтимолии Русия алайҳи Украина садо баланд карданд. Раҳбари гурӯҳи мусиқии “Океан Елзи” Святослав Вакарчук пешниҳод кард, ки дар Қрим “консертҳои сулҳ” бо ширкати ҳунармандони Русияву Украина баргузор шаванд.

Ҳамзамон рӯзи сешанбе дар шаҳрҳои Русия, аз ҷумла, дар Иркутск ва Ростови соҳили Дон, намоишҳои пуштибонӣ аз мардуми русзабони Қрим сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG