Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ шикояти ҲНИТ алайҳи КДАМ-ро бекор кард


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо судури таъиноти худ даъвои ҲНИТ дар нисбати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва шабакаҳои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро бекор кард ва машварат додааст, ки ба Додгоҳи низомӣ муроҷиат карда шавад. Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз таъиноти додгоҳи Исмоили Сомониро дастрас кардааст ва дар он даъвои Ҳизби наҳзат дар нисбати Кумитаи амнияти миллӣ ва шабакаҳои Кумитаи телевизион бекор карда шудааст. Ба гуфтаи Зарафо Раҳмонӣ, дар таъиноти додгоҳи Исмоили Сомонӣ зикр шудааст, ки чун Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як ниҳоди низомӣ аст, ба Додгоҳи ҳарбӣ муроҷиат карда шавад. Вай афзуд, азбаски дар ариза алайҳи ҳам Кумитаи амнияти миллӣ ва телевизон шикояти умумӣ бурда шудааст, аз ин рӯ дар Додгоҳи ҳарбӣ ҳамаи ин ниҳодҳо баррасӣ хоҳанд шуд. Вай зикр кард, ки ҳамин рӯз аризаи зидди ин ниҳодҳоро ба Додгоҳи ҳарбӣ пешниҳод хоҳанд кард.

ҲНИТ рӯзи 20-уми феврал ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ алайҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва шабакаҳои телеизони ҷумҳурӣ шикоят бурда, аз ҷумла зикр карда буд, ки «дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мо дида истодаем, ки давлат дар симои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» ва ҳамҷавобгар Маҳмадулло Холов аз беамалии ҳукумати Тоҷикистон, ҳуқуқҳои мо шаҳрвандонашро поймол намуда истодааст.»

Шоми 7-уми феврали соли равон дар як гузориши вижа, ки дар телевизионҳои давлатӣ нашр шуд, Маҳмадулло Холов, ки ба таҷовуз ба номуси ду духтарандараш айбдор мешавад, ҳамчун узви ҲНИТ муаррифӣ шуд. ҲНИТ инро рад мекунад ва ҳоло бо талаби пахши раддияи расмӣ ба додгоҳ рафтааст.
XS
SM
MD
LG