Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 сол ҳукми зиндони як тоҷики "кордзан" дар Сургут


Додгоҳи шаҳри Сургути Русия шаҳрванди Тоҷикистон Ифтихор Холовро ба нӯҳ соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи душанбе, 3 март, содир гардид ва бар пояи он аз Ифтихор Холов ҳамчунин ба маблағи як миллион рубли русӣ ҷубронпулӣ ба нафъи хонаводаи ҷабрдида рӯёнида шудааст. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса 29 сентбяри соли гузашта дар канори тарабхонаи “Радуга”-и шаҳри Сургут рӯй дода буд – моҷаро миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доғистони Русия ба занозанӣ печид ва дар ҷараёни он Ифтихор Холов ба як марди 27-солаи қафқозӣ корд задааст. Шахси ҷароҳатбардошта дар бемористон аз олам даргузашт. Ба гуфтаи сокинони Сургут, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар занозанӣ дасти кам даҳ нафар ширкат доштанд. Баъд аз ҳодиса кормандони ОМОН вориди шаҳри Сургут шуданд, кормандони полис ба низоми шадиди ҳифзи тартибот пардохтанд, зеро хатари амиқтар шудани бенизомиҳо дар шаҳр бар асари моҷарои қавмӣ мавҷуд буд.
Муфаттишон муқаррар намуданд, ки таҳдиде ба ҳаёти Ифтихор Холов набуд, аз ин рӯ амали ӯро на чун “мудофиа аз худ”, балки чун “куштор” арзёбӣ кардаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки моҷаро ангезаи қавмӣ надошт, аз ин рӯ ҳодисаро “ҷинояти иҷтимоӣ” хондаанд.
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои мақомоти тафтишотӣ навиштаанд, ки Ифтихор Холов рӯзи 1 окттябр – ду рӯз баъд аз ҳодиса боздошт шуда ва дар ҷараёни бозпурсӣ гуноҳи худро иқрор кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳадафи содир кардани ҷиноятро надошт ва бо амри таосодуф дар тарабхона вориди моҷаро шудааст.
Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, аз рӯзи ҳодиса ва то анҷоми мурофиаи додгоҳӣ хадамоти консулгарии сафорат ва кормандони консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа дар ҷараёни қазия буданд.
Ӯ бо таассуф мегӯяд, ки ин нахустин ҳодисаи куштори иҷтимоӣ бо ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нест ва “миёни онҳо ва намояндагони дигар қавмҳо бар пояи тиҷорати якҷоя, кори муштарак дар як муассиса ё ҳатто ҳангоми баргузории чорабиниҳои варзишӣ ин гуна муноқишаҳо сар мезананд”.
XS
SM
MD
LG