Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Энергетик” ва “Хайр” дар финали Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе


Имрӯз, 3-юми март, бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Дар бозии дигар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад. Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи чоршанбеи 5-уми март дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, “Энергетик” ва “Хайр” бо ҳам рақобат мекунанд. Қабл аз ин бозӣ барои ҷойи севум “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” вориди рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз натоиҷи ин бозиҳо дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, «Энергетик»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳ ёфтаанд.

Бозиҳои Ҷоми ФФТ дар ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон ва Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) - барпо мегарданд. Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-уму 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор шудааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ рӯзи 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.
XS
SM
MD
LG