Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 13 торнаморо барои иртибот бо Украина баст


Ожонси назорат бар интернет дар Русия мегӯяд, 13 торнамои интернетиро бастааст, ки дар барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ нақш доранд. Ба гуфтаи ин ожонсӣ, маводе, ки дар ин торнамоҳо ба нашр мерасиданд, ҷанбаи “тундгароӣ” доштаанд.

Дар як изҳороти интернетӣ Роскомнадзор гуфтааст, ки аз дафтари Додситонии кулл дастур расидааст, ки сафҳаҳои матбуоти иҷтимоии Русияро дар шабакаи Vkontakte бибандад.

Ожонсӣ гуфтааст, ки ин торнамоҳо фаъолияти гурӯҳҳои милларгароро таблиғ мекарданд. Ожонсӣ ҳамчунин ин торнамоҳоро барои таҳрики “фаъолиятҳои террористӣ” ва “ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ” муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG