Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон 20 ҷиҳодиро маҳкум ба зиндон карданд


Хабаргузориҳои маҳаллии Узбакистон гузориш додаанд, ки дар ин кишвар 20 нафар аъзои гурӯҳи махфии “ҷиҳодиҳо” барои мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шудаанд. Дар ҷараёни расидагӣ ошкор гардидааст, ки ин гурӯҳи тундравро Тулқин Неъматов-сокини вилояти Тошканд ташкил кардааст. Дар соли 1994 Неъматов барои ташкили гурӯҳ бо писари Абдувалӣ Мирзоев-раҳбари ин ҷунбиш иртибот барқарор намудааст.

Дар ҷараёни расидагӣ ҳамчунин маълум шудааст, ки Ҷумъаи Намангонӣ (Ҷумъабой Ҳоҷиев)-раҳбари пешини Ҳаракати Исломии Узбакистон – яке аз созмонҳои террористии байналмиллалӣ шогирди Абдувалӣ Мирзоев будааст.

Мирзоев бештар ба фаъолияти махфӣ машғул будааст ва аз ҷумлаи одамоне, ки ба масҷид мерафтаанд, баъзеҳоро ба ин созмон ҷалб мекардааст.
XS
SM
MD
LG