Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи нав барканор ва бар зиддаш парванда боз шуд


Денис Березовский

Денис Березовский

Ҳукумати нави Украина Денис Березовский-фармондеҳи яке аз киштиҳои низомии Украинаро, ки ситоди худро дар бандари Ставропол таслим кард, аз мақом барканор ва бар зидди вай парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рӯзи шанбе Денис Березовский фармондеҳии киштии ҷангиро бар уҳда гирифта буд.

Аммо вай рӯзи якшанбе дар телевизиони Русия пайдо шуд ва садоқати худро ба Сергей Аксионов изҳор дошт. Сергей Аксионови ҷонибдори Русияро порламони минтақаии Қрим нахуствазири ин минтақа интихоб кард.

Аксионов, ки аз тарафи ҳукумати нави Киев эътироф нашудааст, эълон кард, ки вай ба нируҳои дарёии Украина дар Қрим фармон додааст, ки фармонҳои “раҳбарони худнишонда”-и Киевро нодида бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки нируҳои Русия бар баҳри сиёҳ дар нимҷазираи Қрим муттамарказ шудаанд ва ба нируҳои Украина гуфтаанд, ки аслиҳаи худро таслим кунанд.
XS
SM
MD
LG