Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Чин бӯҳрони Украинаро баррасӣ карданд


Сеогей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар як сӯҳбати телефонӣ бӯҳрони Украинаро бо вазири корҳои хориҷаи Чин баррасӣ кард. Дар изҳороте вазорати корҳои хориҷа гуфтааст, ки ақидаи Сергей Лавров ва Ванг Йӣ дар бораи вазъият бо ҳам “хеле мутобиқ” аст.

Вазорат мегӯяд, ки ин ду кишвари дорои ҳақи вето дар Шӯрои Амнияти СММ бо якдигар тамоси наздикро ҳифз хоҳанд кард. Ҳамзамон Ҷопон аз рӯйдодҳои ахири Украина “амиқан изҳори нигаронӣ” кардааст.

Дар изҳороте, ки вазорати хориҷаи Ҷопон ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки рафтори Русия дар Қрим “ташаннуҷ дар минтақаро доман мезанад ва сулҳу суботи байналмиллалиро ба хатар рӯ ба рӯ месозад”.
XS
SM
MD
LG