Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
7 кишвари аслии санъатии ҷаҳон мегӯянд, ки онҳо аз ширкат дар мулоқоти байналмиллалӣ, ки дар Русия ба нақша гирифта шуда буд, худдорӣ мекунанд. Кохи Сафеди Амрико рӯзи якшанбе аз номи 7 кишвари санъатӣ ё Ҷӣ-7, аз номи раиси Шӯрои Аврупо ва аз номи раиси Кумиссиюни Аврупо дар ин бора изҳороте пахш кард.

Дар изҳорот раҳбарони ин кишварҳо гуфтаанд, ки пешрафти нируҳои Русия дар Украин “усулу арзишҳо”-и фаъолияти кишварҳои Ҷӣ-7 ва Ҷӣ-8-ро нақз мекунад.

Ин кишварҳо ҳамчунин ҳимояти худро аз талошҳои Украина роҷеъ ба роҳҳои тавофуқ бо Бунёди Байналмиллалии Пул барои пешгирӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ изҳор доштанд.

Ба гурӯҳи кишварҳои узви Ҷӣ-7 Британияву Канада, Фаронсаву Олмон ва Италияву Ҷопон дохил мешаванд. Ин кишварҳо ҳамчунин дар мулоқоти Ҷӣ-8 ширкат хоҳанд кард, ки ба он Русия низ дохил мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки мизбонии мулоқоти Ҷӣ-8-ро Русия дар шаҳри Сочӣ бар уҳда дошта бошад.
XS
SM
MD
LG