Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ


Даври охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар минтақаи Душанбе чаҳор дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоиро маълум кард.

Инҳо дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (ҳарду аз гурӯҳи “А”), «Энергетик»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат (ҳарду аз гурӯҳи «Б») мебошанд.

Ҷоми ФФТ. Даври пешакӣ. Минтақаи Душанбе.

Гурӯҳи «А»
Даври 3-юм
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) - ССКА «Помир» - 0:1
Гол: Субҳон Хоҷамов, 18.
«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 1:6
Голҳо: Жосимар Насименто, 27 (0:1). Дэвид Мауто, 43 (0:2). Расул Файзов, 53 (1:2). Дэвид Мауто, 58 (1:3). Виллер Соуза Оливейра, 65 (1:4). Фатҳулло Фатҳуллоев, 76 (1:5). Дилшод Восиев, 89 (1:6).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 3 3 0 0 22-1 9
2 «Регар-ТадАЗ» 3 1 1 1 3-7 4
3 ССКА “Помир" 3 1 0 2 1-5 3
4 Мунтахаби наврасон 3 0 1 2 1-14 1

Гурӯҳи «Б»
Даври 3-юм

«Хайр» - «Энергетик» - 1:1
Голҳо: Айдох Наполеон, 64 (1:0). Сорбон Карамов, 88 (1:1).

«Локомотив» - «Кӯктош» - 1:5
Голҳо: Соибҷон Рауфов, 5 (0:1). Далер Раҷабов, 16 (0:2). Нурулло Абдуллоев, 20 (0:3). Александр Крилов, 70 (1:3). Соибҷон Рауфов, 75 (1:4). Нурулло Абдуллоев, 83 (1:5).
Аз майдон хориҷ шуданд: Саъдӣ Ҳусайнов («Локомотив»), Далер Қурбонов («Кӯктош»), 73 – барои занозании якдигар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «Б»
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Энергетик» 3 2 1 0 12-2 7
2 «Хайр» 3 2 1 0 13-4 7
3 “Кӯктош” 3 1 0 2 9-9 3
4 “Локомотив" 3 0 0 3 1-20 0

Бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шудааст. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва ССКА «Помир» (Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Локомотив» (Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Энергетик» (Душанбе) дохил буданд.

Дар марҳилаи аввал бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор шуданд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Бозиҳои Ҷоми ФФТ дар ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон ва Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) - барпо мегарданд. Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-уму 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор шудааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ба дастаи ғолиб - “Регар-ТадАЗ” Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Тими “Хайр” барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ гирифт.

Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир» аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ рӯзи 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Дастаи «Хайр» бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон - Ҷоми ФФТ, сертификат ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои тилло - сарфароз гашт. Дастаи ССКА «Помир» бо сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Натоичи бозиҳои Ҷоми ФФТдар минтақаи Душанбе
Даври 1-ум
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир» - 1-0
«Истиқлол» - Мунтахаби наврасон – 12-0

Даври 2-юм
«Локомотив» - «Энергетик» - 0-7
«Кӯктош» - «Хайр» - 3-4

Даври 3-юм
Мунтахаби наврасон - «Регар-ТадАЗ» - 1-1
ССКА «Помир» - «Истиқлол» -0-4

Даври 4-ум
«Хайр» - «Локомотив» - 8-0
«Энергетик» - «Кӯктош» - 4-1

Даври 5-ум
Мунтахаби наврасон - ССКА «Помир» - 0-1
«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 1-6
«Локомотив» - «Кӯктош» - 1-5
«Хайр» - «Энергетик” – 1-1

Нимфинал
3-юми март (душанбе)
12:00 - «Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»
15:00 - «Истиқлол» - «Хайр»

5-уми март (чоршанбе)
12:00 - Бозӣ барои ҷойи 3-юм
15:00 - Финал
XS
SM
MD
LG