Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нахустин мактаби лижатозӣ дар минтақаи Кӯлоб (ВИДЕО)


Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон нахустин мактаби лижатозӣ таъсис шудааст.

Алишер Гулов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ноҳияи Шӯрообод рӯзи душанбеи 3-юми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, "бо дастрас шудани лавозимоти варзишӣ аз намуди лижатозӣ, аввалин мактаби лижатозӣ дар ноҳияи Шӯроободи минтақаи Кӯлоб роҳандозӣ гардид."

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Гулов, дар чорчӯби таъсиси ин мактаб барои онҳое, ки то кунун бо лавозимоти худсохт лижатозӣ мекарданд, мусобиқа дар масофаҳои гуногун ташкил карда шуд. Ба иттилои Алишер Гулов, иқлими ноҳияи Шӯрообод дар фасли тирамоҳ ва зимистон, яъне барои 6 -моҳ сарду кӯҳҳояш пур аз барф аст ва таъсиси мактаби лижатозӣ дар ин минтақаи куҳистонӣ мувофиқ аст ва ин макон имкон медиҳад, ки дар намудҳои гуногуни лижатозӣ наврасону ҷавонон ҷалб шаванд.

Алишер Гулов
Алишер Гулов
Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамакнун барои нахустин мактаби лижатозӣ дар ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистон 20 адад маводи варзишии лижатозӣ дастрас шуд, ки арзиши ҳар кадоми онҳо то 150 -доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Зайниддин Давлатов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб иброз дошт, ки "машқу тамрин ва истифодаи лавозимоти варзишӣ барои наврасону ҷавононе, ки мехоҳанд ба ин намуди варзиш машғул бошанд, комилан ройгон аст."

Ба таъкиди ҷаноби Давлатов, моҳи апрели соли ҷорӣ, дар мавзеи Сафеддораки ноҳияи Варзоб, мусобиқаи лижатозӣ гузаронида мешавад, ки ғолибону варзишгарони мусобиқа дар ин чорабинӣ иштирок хоҳанд кард.

Таъсиси аввалин мактаби лижатозӣ дар ноҳияи Шӯрообод дар ҳолест, ки Маҳмуди Ҳаким, як тан лижатози маҳаллӣ мегуянд, "бо лижаҳои худсоз дар ин мавзеъ чанд сол мешавад лижатозӣ мекунем. Ҳеҷ бовар надоштем, ки рӯзе мактаби лижатозӣ дар ин ноҳияи дурдаст кушода мешавад ва мо ба машқу тамрини касбӣ сафарбар мешавем."




Холмуҳаммади Мансур, яке дигар аз лижатози маҳаллӣ низ гуфт, ки "ҳарчанд мо ҳозир мураббӣ надорем, вале ба мо ваъда доданд, ки дар рӯзҳои наздик як мутахассиси хуб даъват мешавад ва моро ба тамрин фаро мегирад."

Азиз Назаров
Азиз Назаров
Ин ҳам дар ҳоле, ки Маҳмуд ва Холмаҳмад ғолиби мусобиқаи лижатозӣ дар масофаи 500 - метр шуда ва барои ширкат дар мусобиқаи чумҳурияви лижатозӣ дар мавзеи Сафеддораки ноҳияи Варзоб дар моҳи оянда роҳҳат гирифтанд.

Аммо Азиз Назаров, ғолиби мусобикаи лижатозӣ миёни калонсолон дар масофаи 300 метр мегӯяд, дар ин мавзеъ барои ҳамаи намуди лижатозӣ шароит мавҷуд аст ва мақомот бояд барои фаъолтар гардонидани ин мактаб аз имконоти худ истифода барад. Ҷаноби Назаров зимни истиқбол аз ибтикороти таъсиси мактаби лижатозӣ ибрози умедворӣ кард, ки "дар оянда аз миёни наврасону ҷавонони тоҷик варзишгарони хуб тарбият хоҳад ёфт."

Зимнан, лижатозӣ ба намудҳои гаронарзиши варзишӣ марбут аст ва ва барои тарбияи варзишгарони касбӣ, захмату маблағи зиёдеро талаб мекунад. Аммо мураббиён ва худи варзишгарон умедворанд, ки ин намуди варзиш дар ноҳияи Шӯрообод ва ҳамин тавр дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард ва наврасону ҷавонони тоҷик дар мусобиқоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Таъсиси нахустин мактаби лижатозӣ дар ноҳияи кӯҳистонии Шӯроободи Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи гузашта дар шаҳри Сочии Русия, 12 - умин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, баргузор шуд ва аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар - Алишер Қудратов ширкат кард.

Таъсиси нахустин мактаби лижатозӣ дар минтақаи Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
XS
SM
MD
LG