Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқияи тасаллият унвонии Ши Ҷинпинг, раҳбари Чин, ҳодисаи терористӣ дар ҷануби ғарби он кишварр маҳкум кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рузи душанбеи 3 март иттилоъ дод, ки "Эмомалӣ Раҳмон, зимни маҳкум кардани ин ҳодиса, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мубориза бо тероризм баён кардааст." Рӯзи шанбеи 1 март як гурӯҳи афроди сиёҳпӯш бо корду ханҷар дар ин истгоҳ ба мардум дарафтода, дасти кам 29 нафарро куштанд ва 130 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Ба гузориши хабаргузории давлатии Синхуа, маъмурони пулис чаҳор нафар аз ҳамлаваронро куштаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомоти расмии Чин мегӯянд, ки хунрезӣ дар ин истгоҳ кори дасти ҷудоихоҳон аз вилояти Шинҷону Уйғур будааст. Мақомоти Чин ҳамлаи мазкурро “созмонёфта, барқасдона ва ҳамлаи бераҳмонаи террористӣ” хонданд. Мақомоти шаҳри Канмин гуфтаанд, ки далелҳо аз маҳалли ҳодиса нишон медиҳад, ки ҳамла кори дасти ҷудоихоҳони вилояти Шинҷону Уйғур ҳаст, ки аксарияти аҳолиаш уйғурҳои мусулмонанд. Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин хостааст, ҳамлаи мазкур мушикофона таҳқиқ шавад.
XS
SM
MD
LG