Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ:"Амалкарди Русия таҷовуз ба Украина аст"


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, амалкарди Русия дар Украинаро маҳкум кард ва онро “таҷовузи боварнокарданӣ” ба хоки Украина хонд. Дар як мусоҳибаи телевизонӣ дар шабакаи CBS-и Амрико ӯ ҳамчунин гуфт, ин кишвар ва шариконаш бо “аксуламалҳои бисёр ҷиддӣ”, аз ҷумла таҳримот метавонанд, Русияро аз ҷиҳати иқтисодӣ дар инзиво қарор бидиҳанд. Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, мумкин аст, Амрико нишасти сарони 8 кишвари санъатии ҷаҳон мавсум ба гурӯҳи Ҷи-8-ро таҳрим кунанд, ки қарор аст, дар шаҳри Сочи баргузор шавад. Ӯ ҳамчунин дар бораи манъи додани раводид ба мақомоти Русия, масдуд кардани ҳисоби онҳо ва ҷаримаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ сӯҳбат кард. Ҷон Керрӣ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Ҷи-8 сӯҳбат кардааст ва ҳамаи онҳо комилан омодаанд, Русияро дар инзиво қарор бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG