Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дувоздаҳ Толибро нодониста раҳо кардаанд


Дар Афғонистон 12 ҷангҷӯи Толибонро иштибоҳан аз зиндон раҳо кардаанд. Номаи сохтае аз унвони Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон ба маъмурияти зиндони Қандаҳор расидааст ва онҳо бар асоси ин нома ҷангҷӯёни Толибро озод кардаанд. Зиёул Раҳмон Дурронӣ, сухангӯи пулиси вилояти Қандаҳор, рӯзи якшанбе гуфт, маъмурияти зиндон номаеро бо дархости раҳоии 30 зиндониён дарёфт кардааст ва 18 нафари онҳо бар асоси дархости расмӣ раҳо карда шудаанд. Вале касе исми 12 нафари дигарро бо сохтакорӣ ба ин нома ворид кардааст. Маъмурони амниятӣ ду Толиби иштибоҳӣ озодшударо дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG