Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк: "Украина дар вартаи фалокат аст"


Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, гуфт, кишвараш дар вартаи фалокат қарор дорад ва аз раиси ҷумҳур Владимир Путин хост, нерӯҳои Русияро аз Қрим берун кашад. Рӯзи якшанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Киев ӯ гуфт, амалкардҳои Русия дар Украина баробар ба эълони ҷанг алайҳи кишвараш аст: "Агар раиси ҷумҳур Путин, мехоҳад раиси ҷумҳуре бошад, ки миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ҷангро шурӯъ кардааст, пас барои расидан ба ин ҳадафаш масофаи баробари як сари мӯй фосила мондааст. Мо дар вартаи фалокат қарор дорем." Рӯзе пештар аз ин, палатаи болоии порлумони Русия ба раиси ҷумҳур Владимир Путин, иҷоза дод, сарбозони кишварро дар қаламрави Украина истифода кунад. Баъди ин Андрий Парубий, дабири Шӯрои Амнияти Миллӣ ва дифоъи Украина эълон кард, ки нерӯҳои эҳтиётиро ба хидмат сафарбар мекунанд. Ӯ афзуд, ҷалби сарбозони эҳтиётӣ ба сафи артиш барои “таъмини амният ва дифоъ аз тамомияти арзии Украина аст.
XS
SM
MD
LG