Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои эҳтиётии Украинаро ба хидмат даъват карданд


Андрий Парубий, дабири Шӯрои Амнияти Миллӣ ва дифоъи Украина эълон кард, ки кишвараш нерӯҳои эҳтиётии нерӯҳои мусаллаҳро ба хидмат даъват мекунад. Андрий Парубий рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт, Шӯрои Амнияти Миллӣ ба вазорати дифоъ амр додааст, “ба ҳамаи нерӯҳои эҳтиётӣ бигӯяд, ки саросари Украина ба онҳо эҳҳтиёт дорад. Ӯ афзуд, ҷалби сарбозони эҳтиётӣ ба сафи артиш барои “таъмини амният ва тамомияти арзии Украина аст. Қарори мазкур баъд аз он гирифта шуд, ки порлумони Русия ба раиси ҷумҳур Владимир Путин иҷоза дод, сарбозони русро ба Украина бифристад. Дигар ин ки паймони низомии НАТО имрӯз барои баррасии авзоъ дар Украина нишасти изтирорӣ баргузор мекунад. Ҷаласаи Шӯрои Атлантики Шимолӣ, ниҳоди аслии тасмимгири паймон бо дархости Лаҳистон яке аз аъзои созмон соати яки вақти маҳаллӣ дар Брюссел баргузор мешавад. Ҳукумати Лаҳистон гуфтааст, ки аз ҳар гуна дахолати низомии Русия дар қаламрави Украинаи ҳамсояааш эҳсоси хатар мекунад. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи шанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, “Бояд шиддати авзоъ дар Қрим фавран коҳиш дода шавад.” Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “Русия бояд ба истиқлол, тамомияти арзиву марзҳои Украина эҳтиром бигузорад.” Қарор аст, нишасти кумиссиёни муштараки НАТО-Украина рӯзи душанбе баъд аз зӯҳр дар шаҳри Брюссел баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG