Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин хунрезӣ дар Кангминро кори ҷудоихоҳон медонад


Мақомоти расмии Чин мегӯянд, ки хунрезӣ дар як истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Кангмин, кори дасти ҷудоихоҳон аз вилояти Шинҷону Уйғур будааст. Рӯзи шанбе як гурӯҳи афроди сиёҳпӯш бо корду ханҷар дар ин истгоҳ ба мардум дарафтода, дасти кам 29 нафарро куштанд ва 130 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Ба гузориши хабаргузории давлатии Синхуа, маъмурони пулис чаҳор нафар аз ҳамлаваронро куштаанд. Мақомоти Чин ҳамлаи мазкурро “созмонёфта, барқасдона ва ҳамлаи бераҳмонаи террористӣ” хонданд. Мақомоти шаҳри Канмин гуфтаанд, ки далелҳо аз маҳалли ҳодиса нишон медиҳад, ки ҳамла кори дасти ҷудоихоҳони Вилояти Шинҷону Уйғур ҳастанд, ки аксарияти аҳолиаш уйғурҳои мусулмонанд. Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин хостааст, ҳамлаи мазкур мушикофона таҳқиқ шавад.
XS
SM
MD
LG