Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Украина ба ҳоли омодабоши ҷангӣ даромад


Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина, мегӯяд, амр додааст, то нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳоли омодабоши ҷангӣ дароварда шаванд. Пештар аз ин амр, палатаи болоии порлумони Русия ба раиси ҷумҳур Владимир Путин, иҷоза дод, сарбозони кишварро дар қаламрави Украина истифода кунад. Владимир Путин аз Шӯрои Федератсия хоста буд, “барои таъмини амнияти рустаборон ва пойгоҳи низомии Русия дар Қрим” ба Украина нерӯ бифристад. Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина рӯзи шанбе ҳамчунин гуфт, ки мақомоти кишвар посбонии таъсисоти атомӣ, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти стротегиро сахттар кардаанд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ ваҷҳе барои барои ворид кардани нерӯҳои Русия ба Украина вуҷуд надорад. Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина гуфт, ҳаргуна дахолати низомии Русия дар Украина маънии “оғози ҷангро” хоҳад дошт. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аз Русия хостаанд, сарбозонашро аз Украина берун кашад.
XS
SM
MD
LG