Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарори Ҷопон садҳо нафарро ба хашм овард


Рӯзи шанбе садҳо нафар дар шаҳри Токио алайҳи лағви парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба мутассидиёни нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима тазоҳурот карданд. Моҳи марти соли 2011 сунамии азиме, ки баъди заминларзаи қавӣ дар уқёнус бархост, нерӯгоҳи Фукушимаро аз кор андохт ва маводи радиоактиви хатарноки он, манотиқи васеъеро олуда кард. Дар ин фалокат касе ҳалок нашуд, аммо бисёре аз мардуми маҳаллаҳои олудашуда то кунун наметавонанд, ба хонаҳояшон баргарданд ва теъдоди зиёде ҳам аз ҳамин сабаб худкушӣ карданд. Бо вуҷуди онки, порлумони Ҷопон гуфт, фалокат ба айби мутассадиён ҳам рух додааст, аммо то кунун касе аз ширкати ТЕПКО, мутассадии нерӯгоҳи Фукушима ва ё аз ҳукумат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд. Нерӯгоҳи мазкур то ҳол баста мемонад.
XS
SM
MD
LG