Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик аз бозигарони Эрон маҳорат меомӯзанд


Федератсиюнҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон рӯзи ҷумъа як ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардаанд, ки ба футболбозони тоҷик иҷоза медиҳад, аз бозигарони ботаҷрибаи эронӣ маҳорат омӯзанд. Ёддошти ҳусни тафоҳумро Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Эрон Алӣ Каффошиён дар Душанбе имзо кардаанд. Бино ба иттилои расмӣ, бар асоси ин санад ду тараф аз роҳи табодули таҷриба, бозиҳои бештари дӯстона дар омода кардани футболбозони ҷавон ба ҳам кӯмак хоҳанд кард. Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки ҳузури мудавоми тими миллии Эрон дар мусобиқоти аслии Осиё ва ҷаҳон, баёнгари маҳорати футболбозони эронист ва табодули таҷриба бо онҳо метавонад, дар рушди футбол дар Тоҷикистон кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG