Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: "Русия ба Қрим 6 ҳазор сарбоз фиристодааст"


Игор Тенюх, вазири дифоъи Украина, мегӯяд, давлати Русия бе ҳеҷ гуна иҷоза сар аз рӯзи ҷумъа ба қаламрави Ҷумҳурии Мухтори Қрим дар Украина 6 ҳазор сарбоз ва 30 мошини зиреҳпӯш фиристодааст. Ӯ рӯзи шанбе дар нишасти ҳукумати Украина гуфт, ин амалкарди Русия мухолифи усулҳои Аҳдномаи ҳамкориву дӯстӣ ва дахолат накардан ба марзҳои ду кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки моҷаро миёни гурӯҳҳои Русиягаро дар Қрим ва ҳукумати нави Аврупогарои Украина авҷ мегирад. Сергей Аксёнов, нахуствазири Русиягарои Қрим рӯзи шанбе гуфт, ки нерӯҳои Сипоҳи Русия дар Баҳри Сиёҳ ҳоло муассисаҳои муҳими Қримро посбонӣ мекунанд. Айни замон қаламрави ҳавоии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Симферополро ҳам бастаанд. Афроди мусаллаҳ, ки гуфта мешавад, сарбозони рус ҳастанд, рӯзи ҷумъа ин фурудгоҳро таҳти назорат гирифтанд. Манобеъи низомии Украина ҳамчунин мегӯянд, ки нерӯҳои Русия фурудгоҳҳои низомии Белбек дар наздикии Севастопол ва Кировскеро таҳти назорат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG