Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ медиҳад


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки аз ин баъд ба ронандагон дар кишвар шаҳодатномаи нави биометрӣ хоҳад дод. Дафтари матбуоти вазорат бо нашри баёнияе дар вебсайти ин ниҳод рӯзи шанбе гуфт, ки шаҳодатномаи ронандагии навро рӯзи 4 март дар як нишасти хабарӣ муаррифӣ хоҳад кард. Сар аз якуми январи ҳамин сол дар Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагиеро беэътибор эълон карданд, ки акси соҳиби он муддати 10 сол иваз нашудааст. Эълони ногаҳонӣ дар ин бора ронандагони зиёдеро ғофилгиру асабонӣ кард, чун дар сурати доштани санади беэътибори ронандагӣ онҳоро ҷарима мекарданд.
XS
SM
MD
LG