Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Янукович дар Русия нишасти хабарӣ баргузор кард


Янукович дар нишасти хабарии Ростови лаби Дон

Янукович дар нишасти хабарии Ростови лаби Дон

Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина мегӯяд, ки вай қасд дорад ”барои ояндаи Украина муборизаро идома диҳад”. Вай баъд аз фирор аз Украина бори аввал бо матбуот дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия сӯҳбат кард. Вай як ҳафта пеш аз Киев фирор кард.

Янукович, ки дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард гуфт, ки вай маҷбур шудааст Украинаро тарк кунад, зеро хатар ба ҷони вай ва ба ҷони афроди надик ба вай таҳдид мекард. Вай гуфт:

“Вақти он расид, то ман бигӯям, ки қасд дорам муборизаро барои ояндаи Украина бар зидди ононе, ки талош мекунанд аз роҳи террору тарс раҳбарии онро ба даст дароранд, идома диҳам. Ман тасмим гирифтам, ки ошкоро дар ин бора сӯҳбат кунам”

Вай аз ҳукумати нави Украина интиқод кард ва онҳоро “фашист” ном бурд. Ба гуфтаи вай, ҳукумати нав аз ақалияти аҳолии Украина насмояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG