Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон зери нигоҳи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия


Русия ба пойгоҳи 201-уми ҳарбии худ дар Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишин ворид кард ва мегӯяд, бо истифода аз онҳо ба амали "самарбахштар"-и нерӯҳои худ даст хоҳад ёфт.

Намояндаи расмии Округи ҳарбии марказии Русия, Ярослав Рошупкин, рӯзи 28-уми феврал ба расонаҳои хабарии ин кишвар, аз ҷумла ба телевизиони нерӯҳои мусаллаҳи он, «Звезда», гуфтааст, ки кишвараш ба пойгоҳи низомии 201-ум ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи «Застава», «Гранат» ва «Леер» ворид кард. Кай интиқол ёфтани ин ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон ва шумораи онҳо хабар дода намешавад.

Ҷаноби Рошупкин мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҷосусии рӯзона ва шабонаи манотиқ, суратгирӣ ва видеобардорӣ аз мавзеъҳо ва ташхиси масоили дигари амниятӣ, аз ҷумла ошкор кардани нурафканиҳои радиоӣ истифода хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои мазкур ҳамчунин метавонанд, бо парокандани мавҷҳои муайян ба кори мавҷгирҳо ва мавҷпароканҳо халал ворид кунанд. Дар хабар дар бораи тартиби истифода аз ин ҳавопаймоҳо ва ризоияти ҳукумати Тоҷикистон ба он чизе гуфта намешавад.

Намояндаи расмии Округи ҳарбии марказии Русия, гуфтааст, ки ин навтарин намуди ҳавопаймоҳои бесаринишин буда, дар корхонаи "Ижмаш" бино бар фармоиши Вазорати дифои Русия сохта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи онҳо ба беҳбуди ҷиддии кори нерӯҳои артилеррӣ ё тӯпхонаи пойгоҳи 201 мусоадат кардааст.

Ярослав Рошупкин, намояндаи расмии Округи ҳарбии марказии Русия зикр кардааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи «Гранат» ва «Застава» барои наворбардорӣ ва аккосии минтақаҳо ба роҳ монда шуда, навъи «Леер» метавонад нуқтаҳои нурафканӣ дар диапазонҳои радиоро мушаххас кунад ва сигналҳои радиоиро дар мавҷҳо халалдор ё маҳдуд намояд.

Аммо Дафтари матуботи пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз оварда шудани ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин пойгоҳ изҳори бехабарӣ кард.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо 7 ҳазор сарбозу афсари рус дар се шаҳри Тоҷикистон-Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар шудааст. Лашкари 201-ум ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон мустақар аст, ва бо касби истиқлоли ин кишвар ба пойгоҳи низоми Русия табдил ёфт. Ҳарчанд дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин пойгоҳ худро дар ҷанги Тоҷикистон бетараф эълон карда буд, аммо намояндагони мухолифон борҳо гуфтаанд, ки ин нерӯ ба ҳарду тарафи даргир, ҳукумат ва мухолифон силоҳ мефурӯхт. Баъдан Русия мақоми аскароне, ки дар солҳои ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хизмат кардаанд ба мақоми ветеранҳои ҷанги бузурги ватанӣ баробар кард ва бо ин ба гунае собит сохт, ки ин нерӯ дар ҷанги Тоҷикистон тарафи беғараз набуд.

Дар пайи сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2012 созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 барои 49 соли дигар ба имзо расид ва ахиран парлумонҳои ҳар ду кишвар онро тасвиб карданд. Кӯмак ба навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумла ваъдаҳоест, ки Русия дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш дар қаламрави Тоҷикистон додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти ҳар ду кишвар ҳузури ин пойгоҳро омили таъмини субот амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Қарордоди тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ баъди чанд соли баҳси ду кишвар бар сари шароити ҳузури минбаъдаи низомиёни рус ва ҳатто гӯё талаби то 300 миллион доллар пули иҷора кардани Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2012 дар рӯзи 60-солагии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ӯву ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуд. Маскав дар иваз барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бархе сабукиҳо дод ва боҷи гумрукии содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро барои ҳаҷми муайяни чунин мавод бекор кард.
XS
SM
MD
LG