Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳҳои Қрим дар назорати нируҳои Русия


Вазири нави корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ки нируҳои дарёии Русия роҳҳои фурудгоҳи Севастополи Қримро бастаанд ва нируҳои дигари Русия фурудгоҳи шаҳри дигар, яъне Симферопол-маркази идории ҷумҳурии мухтори Қримро ба назорати худ даровардаанд.

Арсен Аваков забти фурудгоҳро “таҷовуз ва ишғоли қаламрав” арзёбӣ кард. Нируҳои дарёии Русия дар Севастопол пойгоҳ доранд ва онҳо рад кардаанд, ки нируҳои онҳо фурудгоҳро ишғол ва ё роҳҳои онро набастаанд.

Аз сӯи дигар, порламони Украина аз Маскав хост, то аз иқдомоте даст бардорад, ки сабаби ба ҳам задани тамомияти арзии Украина мешавад. Порламон аз Амрикову Британия ва Русия хост, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми соли 1994 тамомияти арзии Украина ҳифз шавад. Порламони Украина ҳамчунин ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард, ки бӯҳрони Украинаро баррасӣ намояд.

Вазъ дар Қрими Украина, ки дар он ҷо аҳолии рус аксариятро ташкил медиҳанд, баъд аз барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ муташанниҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG