Пайвандҳои дастрасӣ

Австрия 18 ҳисоби бонкии Украинаро масдуд кард


Вазорати корҳои хориҷаи Австрия мегӯяд, дастрасӣ ба дороии 18 нафар одамони машкуки Украинаро дар қаламрави худ мамнуъ кардааст. Дар ин эъломия омадааст, ки сабаби чунин тасмим нақзи ҳуқуқи башар ва даст доштани ин афрод дар ришвахорӣ будааст.

Аммо вазорат номи онҳоро эълон накардааст. Вазорат ин корро иқдоми муқаддамотӣ медонад ва мегӯяд, ки баъд аз ба тавофуқ расидани таҳримҳо дар Иттиҳодияи Аврупо ин тасмим эътибор пайдо хоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расид, ки сафари шахсонеро, ки “дасташон дар Украина ба хун олуда аст” мамнуъ эълон шавад. Номи ин афродро низ эълон накарданд.

Рӯзи панҷшанбе Шветсария низ эълон кард, ки дар бонкҳои худ ҳисобҳои бонкии Виктор Янукович ва ҳампаймонҳои наздики вайро масдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG