Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қонуни пайвастанро соддатар мекунад


Нақшаи Қрим
Нақшаи Қрим
Намояндагони Думаи Давлатии Русия мегӯянд, онҳо ба нақша гирифтаанд, ки рӯзи ҷумъа роҳҳои пайвастани қаламравҳои нав ба Русияро соддатар кунанд.

Михаил Емелянов-раҳбари ҳизби ҳизби Адолат ё “Справеливая Росссия” ин иқдомро зарурӣ хондааст ва мегӯяд, вазъи Украина пешбининашаванда аст. Вай мегӯяд, бар асоси ин қонун қаламрави нав ба Русия дар ҳоле метавонад бипайвандад, ки агар дар натиҷаи райпурсӣ мардуми он қаламрав онро бихоҳанд ва ё порламони он дар ин бора қонун ба тасвиб расонад.

Рӯзноми “Коммерсант”-и Русия навиштааст, ки тибқи қонунҳои мавҷуда ҳоло як кишвари хориҷӣ ва ё бахше аз қаламрави он бар асоси ризояти тарафайн, яъне тарафи Русия ва ҳамон кишвари хориҷӣ метавонад ба Русия бипайвандад. Ин ҳолатро мувофиқатномаҳои байналмиллалӣ низ таъйид мекунанд.

Русия то ҳол Виктор Януковичро раиси ҷумҳури қонунии Украина мешуморад. Вале вайро порламони Украина бо тасмими худ рӯзи шанбеи гузашта аз мақом барканор кард. Ҳоло Янукович дар Русия қарор дорад.
XS
SM
MD
LG