Пайвандҳои дастрасӣ

Ба ҷои Курган ба Қӯрғонтеппа


Евгений Самошкин дар Қӯрғонтеппа

Евгений Самошкин дар Қӯрғонтеппа

Иштибоҳи билетфурӯши ҳавопаймо дар шаҳри Маскав, Евгений Самошкин, шаҳрванди 19-солаи Русияро ба шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон овард. Дар ҳоле ки Евгений барои парвоз ба шаҳри Кургани Русия билет фармоиш додааст.

Ин шаҳрванди Русия рузи 28-уми феврал танҳо ҳангоме, ки ҳавопаймо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон поин омадааст, иштибоҳи билетфурӯш ва бетаваҷҷуҳии худро дарк кардааст. Аммо Евгений беш аз ҳама фурӯшандаи чиптаи ҳавопайморо сабабгори ин воқеа медонад, чун ба ҷойи Курган ба ӯ билети парвози Маскав - Қӯрғонтеппаро фурӯхтааст.

Донишҷӯи соли дуввуми шӯъбаи журналистии факултети филологияи Якутск, Евгений Самошкин мехост, дар ҳамоиши илмии байнулмилалии "Вижагиҳои ҳамагонӣ ва хос дар забонҳо ва адабиёт" дар Курган ширкат кунад. Аммо бино бар ҳамин вижагиҳои забон, донишҷӯ на ба ин ҳамоиш, балки шаҳре дар ҷануби Тоҷикистон фуруд омад.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавоии Ист Эйр дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, замоне аз Евгений 19 сола дар фурудгоҳ баргаи муҳоҷиратро хостанд, аз ҳайрат такон хӯрда, нафаҳмидааст, чаро бояд дар қаламрави Русия чунин кортро хонапурӣ кунад. Тавре ҷаноби Бандишоев афзуд, чизи дигаре, ки барои Евгений нофаҳмо буд, дар ҳавопаймо садо додани ҳама эълонҳо бо забони ғайр будааст.

Бандишоев мегӯяд: «Вай бояд ба шаҳри Кургани Русия барои ширкат дар конфронси илмӣ парвоз мекард. Замоне барои харидории чипта рафта мегӯяд, ба ӯ чипта то Курган лозим аст, чиптафурӯш чанд ҳарфи аввали номи шаҳрро мечинад, ки номи шаҳрҳои Кургани Русия ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мебарояд. Намедонам аз камтаҷрибагӣ бошад ё аз беаҳамиятии чиптафурӯш ба Евгений барои ба шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон билет менависад, на ба Кургани Русия.»

Тавре сухангӯи ширкати Ист Эйр аз забони Евгений нақл мекунад, чизи дигаре, ки барои ӯ дар ҳавопаймо аҷиб намудааст, замоне аз тайёра берун мешавад ва таксиронҳо номҳои шаҳрҳои бегонаро пешниҳод мекунанд дар тааҷҷуб меафтад. Дар натиҷа вай ба бахши маълумот муроҷиат карда, маълум мекунад, ки на ба шаҳри Кургани Русия, балки ба Қурғонтеппаи Тоҷикистон омадааст.

Тавре гуфта мешавад Евгений Самошкин бояд 2-юми март ба Русия бармегашт, аммо ширкати Ист Эйр чиптаи ӯро барои шоми ҳамин рӯз иваз мекунад.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Ист Эйр барои Евгений Самошкин саёҳати омӯзишие дар шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил дода, ӯро ба Маскав равон мекунанд. Аз он ҷо Самошкин ба Якутск бармегардад, чун ба ҳамоиш дер кард ва умедвор аст, ки ғоибона бошад ҳам ба ин тариқи аҷиб дар ин ҳамоиш ширкат варзид.

Хабари иштибоҳан ба Тоҷикистон омадани Самошкинро масъулони фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа низ тасдиқ карданд. Михаил Леонов, раҳбари Фурудгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа гуфт: «Аз рӯй иттилооте, ки дорем, ба вай ба ҷой билети Курган, чиптаи Қӯрғонтеппаро медиҳанд. Вай билетро барои ҳарду тараф харидорӣ кардааст, ки мо ӯро дубора ба Маскав равон мекунем.»

Гуфта мешавад, ҳарчанд шаҳри Қӯрғонтеппа як шаҳри хурд ҳам бошад, аммо барои Самошкин писанд омадааст. Алалхусус муносибати самимонаи мардуми тоҷик боис шудааст, ки ин ҷавони 19 солаи рус аз Тоҷикистон бо табъи болида ба ватанаш баргардад.

Маъмулан иштибоҳан аз як ҷо ба ҷой дигар парвоз карданро одамон дар филмҳо мебинанд. Он ҳам аз як шаҳр ба шаҳри дигар. Ба эҳтимоли зиёд кам ҳолатҳое мешаванд, ки одамон шаҳри як кишварро бо кишвари дигар иваз кунанд.

Ин аст, ки ҳодисаи бар сари Евгений омада қаҳрамони филми русии «Ирония судьбы или с лёгким паром»-ро ба ёд меорад. Қаҳрамони ин филм марди рус аз ҳаммом берун мешавад ва дар ҳолати мастӣ ба ҷои ба манзили худаш дар Маскав равад, ба ҳавопаймои шаҳри Санкт-Петербург нишаста ба нишонии манзилаш ворид мешаваду хоб мекунад. Соҳибхоназан вакте вориди хона мешавад, мебинад марде дар кати ӯ хобидааст. Вақте ӯро бедор мекунанд, баъдан мард мефаҳмад, ки дар манзили худаш нест. Поёни филм ба муҳаббати онҳо меанҷомад.

Аммо Евгенийи ҷавон натавонист, дар Тоҷикистон муҳаббати ҷавонзанеро пайдо кунад, чун масъулони ширкати "Истэйр" ин шаҳрванди Русияро рӯзи ҷумъа бо парвози дигаре ба шаҳри Маскав пас фиристоданд.

Ҳарчанд ба гуфтаи масъулони ширкати "Ист эйр" билети бозгашти Евгений таърихи 2 март, яъне рӯзи якшанбе таъин шудааст, аммо ба хотири иштибоҳе, ки сар задааст ширкат чунин тасмимеро рӯи даст гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG