Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо дар бораи куштори се марзбони Туркманистон


Бино ба гузоришҳои расида, тундравҳои Толибони Афғонистон дар марз бо вилояти Бодғиси Афғонистон 3 марзбони Туркманистонро ба қатл расондааанд. Сухангӯи волии вилояти Бодғис ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса шаби чаҳоршанбе рух додааст. Сарбозони Туркманистон дар ин ҳангом машғули гашт дар марзи миёни ду кишвар будаанд.

Мақомоти расмии Туркманистон то ҳол дар ин бора ба таври расмӣ хабар надодаанд. Толибон низ ин ҳодисаро тасдиқ накардаанд.
XS
SM
MD
LG