Пайвандҳои дастрасӣ

Аваков забти фурудгоҳи Севастополро маҳкум кард


Арсен Аваков

Арсен Аваков

Арсен Аваков-вазири нави корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ки сарбозони артиши Русия фурудгоҳи Севастополи Қримро забт кардаанд, дар ҳоле, ки аз субҳи рӯзи панҷшанбе фурудгоҳи Симферопол-маркази идории ҷумҳурии мухтори Қрими Украинаро афроди номаълум дар либоси низомӣ ба тасарруфи худ даровардаанд.

Аваков дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст: “Ман метавонам ин корро танҳо таҷовузи низомӣ ва ишғоли қаламрави дигарон бо нақзи ҳамаи қарордодҳо ва муқаррароти байналмиллалӣ арзёбӣ кунам”. Вай навиштааст, ки фурудгоҳи Севастопол маҳали истиқрори нируҳои обии Русия дар Баҳри Сиёҳ аст. Аммо Русия дар ин бора тавзеҳоте надодааст.

Субҳи рӯзи панҷшанбе афроди мусаллаҳи номаълум дар шаҳри Симферопол бинои порламон ва бинои ҳукумати маҳаллии ҷумҳурии мухтори Қримро забт ва парчамҳои Русияро дар болои ин биноҳо насб карданд.

Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина бо рӯзноманигорон, ба эҳтимоли зиёд дар шаҳри Ростови лаби Дон, нишасти хабарӣ баргузор намояд. Вай то ҳол худро раиси ҷумҳури қонунии Украина медонад.
XS
SM
MD
LG