Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон боз иваз шуд


Раҳбари идораи роҳи оҳани Тоҷикистон иваз шудааст. Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ки дар аввалҳои ҳафтаи равон намояндагони вазорати нақлиёт Комил Мирзоалиев, собиқ корманди ин ниҳодроба ҳайси идораи роҳи оҳан муаррафӣ намуда дар ҷои раиси тозатаъин Асадулло Исматович Зоиров мансуб карданд. Дар авоили моҳи равон президент Эмомалӣ Раҳмон бо як фармони худ Асадулло Зоировро ҳамчун ифрокунандаи раиси идораи роҳи оҳан таъин карда буд. Дафтари матбуоти идораи роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар авоили ҳамин ҳафта аз ҷониби вазорати нақлиёт Комил Мирзоалиев, ки то кунун муовини раиси ин идора буд, ҳамчун роҳбари ин ниҳод мансуб шуд.Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи феврал Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2014 "бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" озод шуда, бо қарори дигари ҳукумат Асадулло Исматович Зоиров иҷрокунандаи вазифаи раиси ширкати роҳи оҳан таъйин шуда буд. Комил Мирзоалиев замони роҳбарии Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар идораи Роҳи оҳан фаъолият мекард, аммо бо як фармони Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ барканор карда шуда буд.
XS
SM
MD
LG