Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Украина ҳукумати Ятсенюкро пазируфт


Арсений Ятсенюк-нахуствазири нави Украина
Арсений Ятсенюк-нахуствазири нави Украина
Рӯзи панҷшанбе порлумони Украина Арсений Ятсенюк-яке аз раҳбарони боломақоми тазоҳуроти ахири зиддидавлатиро ба аксари оро нахуствазири ин кишвар интихоб кард. Порламон ҳамчунин аъзои дигари ҳукуматро ба тасвиб расонд.

Ятсенюк изҳор дошт, ки Мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо мекунад, вале гуфт, ки Киев ҳамкорӣ бо Русияро низ мехоҳад. Ятсенюк қавл дод, ки ҳукумати вай аз тамомияти арзии Украина дифоъ хоҳад кард ва гуфт, ки Қрим қаламрави Украина боқӣ хоҳад монд.

Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина рӯзи панҷшанбе дар паёме аз Русия хостааст, ки амнияти вайро таъмин кунад. Як мақоми расмии Русия гуфт, ки ин дархости Янукович пазируфта шудаст ва амнияти шахсии вай дар қаламрави Русия таъмин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG