Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон эътилофи зидди Толибон ташкил шуд


Гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Покистон дар ҳамоише дар шаҳри Лоҳур эътилофи зидди Толибон ташкил карданд. Ин гурӯҳҳо, ки акнун аз пайравони ҷунбиши Баревлии суннӣ ташкил шудааст, рӯзи чаҳоршанбе аз мақомоти расмии Покистон хостанд, ки Толибон ва ҷонибдорони онҳоро душмани давлат эълон кунанд.

Ин эътилоф мегӯяд, ки музокира бо Толибон имконпазир нест. Эътилоф ҳамчунин ҳимояти комили худро аз талошҳои нируҳои мусаллаҳи Покистон барои аз байн бурдани Толибон изҳор дошт.
Эътилоф рӯзи ҷумъаро Рӯзи сартосарии зидди Толибон эълон кард.
XS
SM
MD
LG