Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз ҷудоиталабӣ дар кишвараш ҳушдор дод


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз мардуми кишвараш хост, ки бар зидди чолишҳои “иғвоангезон” қарор бигиранд. Вай зимни сухунони худ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Қазоқистон гуфт, ки “низоми Қонуни Асосии кишвар, истиқлои давлатӣ ва тамомияти арзиро баъзе нируҳои харобкор ба чолиш мекашанд ва онро дар навиштаҳои интернет ва матбуоти ииҷтимоӣ дидан мумкин аст”.

Вай гуфт, ки вақтҳои охир шеваҳои таъсиргузорӣ ва таҷҳизоти иттилоъотӣ тағир ёфтааст. Ин суханони Назарбоев дар ҳоле садо дод, ки дар ҷумҳурии мухтори Қрими Украина муносиботи миёни аҳолии ҷонибдори Русия ва аҳолии ҷонибдори Украина шиддат гирифтааст.

Идомаи бӯҳрон дар Украина дар миёни аҳолии ҷонибдори Русия дар Қазоқистон низ мушоҳида мешавад, ба вижа дар шимоли Қазоқистон.
XS
SM
MD
LG