Пайвандҳои дастрасӣ

73 дарсади кӯдаконро дар Бадахшон аз фалаҷ эм кардаанд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, маъракази воксинзании кӯдакон аз бемории полиомиелит ё фалаҷи кӯдаконро дар навоҳии вилояти Бадахшон алакай беш аз 70 дар сад иҷро кардааст. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ аз Бадахшони Афғонистон ба Бадахшони Тоҷикистон дар 4 рӯзи аввали маъракаи пизишкони маҳаллӣ бо бо кумаки бахши тандурустии бунёди Оғохон 73 дарсади кӯдаакони то 5-соларо эм кардаанд. Маъракаи эмкунии зидди полиомиелит дар Бадахшон рӯзи 24 феврал оғоз шуд ва 2 рӯзи дигар давом хоҳад кард.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон зикр мекунад, вазъи беҳдоштӣ дар Бадахшон сад дарсад таҳти назорат буда , ягон мавриди фалаҷи кӯдак дар инҷо сабт нашудааст.
Муовини вазири Тандурустӣ Навруз Ҷаъфаров мегӯяд,ки тибқи нақша воксинзанӣ мебоист дар моҳи апрел ва май сурат мегирфт, аммо азбаски мардуми кӯҳистон ба айлоқ ё чарогоҳи тобистона мераванд, ин иқдом як моҳ қабл иҷро карда шуд. Сабаби дигари зудтар анҷом додани ин маърака, ба гуфтаи оқои Ҷаъфаров, хабарҳои расида дар бораи хуруҷи фалаҷи кӯдак дар Бадахшони Афғонистон будааст.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт соли гузашта эълон карда буд, ки ҷаҳонро аз вируси фалаҷ озод хоҳад кард. Тибқи як барнома, ин созмон ҳадаф дорад, то соли 2018 тамоми нишонаҳои полиомиелитро дар ҷаҳон нобуд созад. Арзиши барномаи нави зидди фалаҷ 5,5 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ҳадафи барнома қабл аз ҳама то соли 2014 нобуд кардани нишонаҳои ин маризӣ дар кишварҳои манбаи хуруҷи фалаҷ мебошад. Нигерия, Афғонистон ва Покистон аз чунин давлатҳое ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG