Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси саркӯби гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ дар Остона


Роҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи амнияти миллиии Қазоқистон масъалаи нобуд кардани саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноии трансмилиро баррасӣ кардааст.

Аз дафтари матбуоти Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал хабар доданд, ки ин мулоқот рӯзҳои 24 ва 25-уми феврал зимни сафари кории роҳбари оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Рустам Назаров ба шаҳри Остона сурат гирифтааст. Дар ин мулоқот Рустам Назаров бо раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Абикаев Н.А мулоқот намудааст.

Манбаъ афзуд, дар ин мулоқот роҳбарони идораҳо барои рушди ҳамкории тарафайн мубодилаи афкор намуданд ва самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муайян намуданд.

Гуфта мешавад, диққати махсус ба рушди вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ мусоидат ба амният аз Афғонистон дар соли 2014 равон карда шудааст.

Яке аз мавзӯҳои баррасишуда, ин ҳамкории тарафайн барои мубодилаи иттилоот нисбати саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои фаромиллии ҷиноятпеша ва ташкил намудани чорабиниҳои муштарак оид ба нобуд сохтани онҳо будааст.
XS
SM
MD
LG