Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар мусобиқаи минтақавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) пешакӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

“Истиқлол” дар бозии дувумаш бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард ва новобаста аз бозии охиринаш дар гурӯҳи “А” бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба нимфинал баромад.

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

ССКА «Помир» - «Истиқлол» - 0:4
Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 33 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 60 (0:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 66 (0:3). Жосимар Насименто, 85 (0:4).

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) - «Регар-ТадАЗ» - 1:1
Голҳо: Фаррух Чориев, 6 (0:1). Собирҷон Гулаков, 74 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуданд: Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), 58, Эҳсон Паллаев (мунтахаби наврасон), 81.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 2 2 0 0 16-0 6
2 «Регар-ТадАЗ» 2 1 1 0 2-1 4
3 Мунтахаби наврасон 2 0 1 1 1-13 1
4 ССКА “Помир" 2 0 0 2 0-5 0

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Локомотив» - «Энергетик» - 0:7
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 17 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 19 (0:2). Шодибек Ғаффоров, 38 (0:3). Шодибек Ғаффоров, 40 (0:4). Шавкати Ҳотам, 65 (0:5). Габриэл Донто, 69 (0:6). Шавкати Ҳотам, 85 – аз пеналтӣ (0:7).

«Кӯктош» - «Хайр» - 3:4
Голҳо: Маҳмадалӣ Содиқов, 5 (0:1). Самуэл Афензи, 40 (0:2). Низом Раҳимов, 45 (1:2). Соиб Рауфов, 62 (2:2). Айдох Наполеон, 68 (2:3). Низом Раҳимов, 82 (3:3). Айдох Наполеон, 89 (3:4).
Аз майдон ронда шуданд: Меҳроҷиддин Урозов («Кӯктош») ва Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), 69.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «Б»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Энергетик» 1 1 0 0 7-0 3
2 «Хайр» 1 1 0 0 4-3 3
3 “Кӯктош” 1 0 0 1 3-4 0
4 “Локомотив" 1 0 0 1 0-7 0

Бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе, ки рӯзи 24-уми феврал шурӯъ шуданд, то 5-уми март идома хоҳанд кард. Бозиҳои ин минтақа бо ширкати ҳашт даста (панҷ дастаи лигаи олӣ, ду дастаи лигаи аввал ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон) дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шудааст.

Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва ССКА «Помир» (Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Локомотив» (Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Энергетик» (Душанбе) дохиланд.

Дар марҳилаи аввал бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Бозиҳои Ҷоми ФФТ дар ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон ва Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) - барпо мегарданд. Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-уму 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор шудааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ба дастаи ғолиб - “Регар-ТадАЗ” Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Тими “Хайр” барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ гирифт.

Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир» аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ рӯзи 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Дастаи «Хайр» бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон - Ҷоми ФФТ, сертификат ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои тилло - сарфароз гашт. Дастаи ССКА «Помир» бо сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқра мукофотонида шуд.


Тақвими бозиҳои Ҷоми ФФТ-2014 дар минтақаи Душанбе:
Даври 1-ум. 24-уми феврал (душанбе)
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир» - 1-0
«Истиқлол» - Мунтахаби наврасон – 12-0

Даври 2-юм. 25-уми феврал (сешанбе)
«Локомотив» - «Энергетик» - 0-7
«Кӯктош» - «Хайр» - 3-4

Даври 3-юм. 26-уми феврал (чоршанбе)
Мунтахаби наврасон - «Регар-ТадАЗ» - 1-1
ССКА «Помир» - «Истиқлол» -0-4

Даври 4-ум. 27-уми феврал (панҷшанбе)
12.00. «Хайр» - «Локомотив»
15.00. «Энергетик» - «Кӯктош»

Даври 5-ум. 28-уми феврал (ҷумъа)
09.00. Мунтахаби наврасон - ССКА «Помир»
11.00. «Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол»
13.00. «Локомотив» - «Кӯктош»
15:00 «Хайр» - «Энергетик”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG