Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия 175 шӯриширо куштааст


Бино ба гузориши расонаҳои давлатии Сурия, дар як ҳамлаи ғофилгиронаи сарбозони кишвар дар наздикии Димишқ 175 шӯришӣ кушта шудаанд. Хабаргузории давлатии САНА, гузориш дод, ки ҳамла ба шӯришиён субҳи чаҳоршанбе дар Ғута дар минтақаи таҳти тасарруфи шӯришиён сурат гирифтааст. САНА аз қавли фармондеҳе дар саҳнаи ҷанг навиштааст, ки аксари шӯришиён аз Ҷабҳаи ал-Нусра, як шарики Ал-Қоида будаанд, ки мехоҳанд, ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асадро сарнагун карда ва ҳукумати исломӣ таъсис диҳанд. Ба навиштаи хабаргузорӣ дар баёни шӯришиёни кушташуда, шаҳрвандони Арабистони Саудӣ, Қатар ва чеченҳо ҳам будаанд. Як созмони ҳомии ҳуқуқи тарафдори мухолифони Сурия марги 70 шӯриширо таъйид кардааст.
XS
SM
MD
LG