Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳургарон бинои порлумони Қримро гирифтанд


Тазоҳургарони зидди Русия бинои порлумони Украина дар Ҷумҳурии Худмухтори Қрим ишғол кардаанд. Ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса, теъдоде аз вакилони порлумон биноро тарк мекунанд ва гузориш мешавад, ки чанд нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Пештар аз ҳамлаи тазоҳургарон ба бинои порлумон, тарафдорони наздикии Украина бо Русия ва мухолифони онҳо дар ҳамин маҳал бо даргир шуданд. Мухолифони Русия дар инҷо парчами сурхеро оташ заданд, ки рамзи шӯравии собиқ аст. Вакилони мардумии Қрим дар дохили бинои порлумон нишасти фавқуллода баргузор карда ва сарнавишти ояндаи Қримро баъд аз барканории раиси ҷумҳур Виктор Януковичро баррасӣ мекарданд. Дар тазоҳурот, ҳамроҳ бо тоторҳои Қрим тарафдорони ҳукумати нави Украина ширкат доштанд ва теъдоди онҳо аз тазоҳургарони русиягаро зиёд буд. Дар Қрим, ки Русия як пойгоҳи бузурги баҳрӣ дорад, аксаран русзабонҳо зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG