Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд


Рӯзи чаҳоршанбе таҳти раёсати раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат баргузор гардид. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози нишаст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд ва ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк тасдиқ шудааст. Дар ин нишаст ҳамчунин комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таҳти раёсати Муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ таъсис дода шуд. Оқои Раҳмон ба масъулини дастур додааст, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани ҷавонон комилан аз байн баранд. Дар ин нишаст ҳамчунин сохтори нав ва низомномаи як қатор вазорату идораҳо тасдиқ карда шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки дар ин нишаст ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки Рӯзи модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври шоиста таҷлил шаванд.
XS
SM
MD
LG