Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тендери фейерверк барои ҷашни Наврӯз


Ҳукумати шаҳри Душанбе бо мақсади таҷлили густарда ва тантанавии ҷашни милии Наврӯз ҷиҳати доир кардани мушакпаронӣ (Фейерверк) барои ширкатҳои хизматрасон тендер эълон кард. Дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе бо тасдиқи ин хабар рӯзи 26-уми феврал ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки бо ин мақсад комиссияи тендерӣ аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи Душанбе таъсис дода шуд, ки ширкати хизматрасонро интихоб хоҳад кард. Дар чаҳорчӯбаи шарти ин тендер барои фейеверк воҳиди хариди Мақомоти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи фарҳанги пойтахт тендерро омода ва ба комиссияи тендерӣ пешниҳод хоҳад кард. То рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз -- 21 март баробар ба 1-уми моҳи фарвардини хуршедӣ, барномаи доир намудани фейерверк омода карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG