Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раиси пешини Парки миллии Тоҷикистон


Кокул Касиров, собиқ раиси Парки милии Тоҷикистон дар Бадахшон барои қарздории занаш аз тарафи кормандони вазорати умури дохила боздошт шуда, феълан дар СИЗО-и ин ниҳод дар ноҳияи Фирдавсӣ нигоҳдорӣ мешавад. Як манбаъ дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки азбаски хонуми Кокул Касиров аз мардуми алоҳида қарздор шуда, аммо қарзро напардохта фавтидааст, тибқи шикояти шаҳрвандон худи Кокул Касиров дар миёнаҳои моҳи январ боздошт шуда, мавриди пурсиш қарор дорад. Феълан то анҷоми тафтишоти пешакӣ Кокул Касиров дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт қарор дорад. Кокул Касиров аз соли 2003 то соли 2011 масъули Парки миллӣ, ки паҳнои он 2,6 миллион ҳекторро дар Бадахшон дар бар мегирад, мансуб шуда, пас аз он раиси Ассотсиатсияи ҳифзи ҷангалҳо ва ҳайвонҳои ваҳширо ба дӯш дошт.
XS
SM
MD
LG