Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳагел бо ҳамкоронаш Афғонистонро баррасӣ мекунад


Имрӯз Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, дар шаҳри Брюссел чаҳоршанбе 26 феврал бо ҳамкоронаш аз кишварҳои узви НАТО ояндаи Афғонистонро баррасӣ мекунад. Як рӯз пештар аз ин ҳукумати Амрико ба вазорати дифоъ амр дод, ки нақшаи ихроҷи тамоми 33 ҳазор сарбози кишвар аз Афғонистонро омода кунад. Бар асоси нақша, нерӯҳо бояд то охири ҳамин сол аз Афғонистон берун шаванд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз он сабаб амри ихроҷи ҳамаи нерӯҳоро содир кард, ки Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, паймони амниятии муштарак бо Амрикоро то моҳи апрел то замони интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон имзо намекунад. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, паймон ҳарчӣ зудтар имзо шавад, ки бар асоси он бояд теъдоде аз нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014 бимонанд.
XS
SM
MD
LG