Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина шуд


Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина масъулияти фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро бар дӯш гирифт. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе 26 феврал, дар торнамои расмии раиси ҷумҳур хабар доданд. Рӯзе пештар аз ин Арсен Аваков, вазири муваққати умури дохилии Украина бо имзои як қарор, гурӯҳи нерӯҳои махсуси зиддишӯриш бо номи “Бургут”-ро пароканда кард. Ин нерӯҳоро дар ҳамла ба тазоҳургарони осоишта дар Киев муттаҳам медонанд. Арсен Аваков дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки “дигар Бургуте вуҷуд надорад.” Қарор аст, ҷузъиёти ин қарорро рӯзи чаҳоршанбе эълон кунанд. Нерӯҳои махсуси тамриндида ва вокуниши сареъи вазорати умури дохитлии Украина 4 нафар узв дорад.
XS
SM
MD
LG