Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Нақшаи хуруҷи ҳамаи нерӯҳо аз Афғонистон таҳия шавад"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қасри Сафед мегӯяд, ки Барак Обама дар сӯҳбати телефонии шаби гузашта бо Ҳомид Карзай гуфтааст, ки ӯ ба вазорати дифои кишвараш дастур додааст, то нақшаи хориҷ шудани ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро таҳия намояд.

Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико ба вазорати дифои кишвараш дастур додааст, нақшаи хориҷ сохтани ҳама сарбозони амрикоӣ то поёни соли ҷорӣ аз Афғонистонро таҳия кунад. Қасри Сафед мегӯяд, ин дастур ба он хотир дода шуд, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба назар намерасад, ки тавофуқномаи амниятӣ бо Вошингтонро имзо кунад. Ин тавофуқнома заминаи боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 20014 дар Афғонистонро муҳайё месозад.

Ҷей Карни, сухангӯи Қасри Сафед дар ин бора гуфт: "Раиси ҷумҳур ба вазорати дифоъ дастур дод, ки омодагӣ бигиранд то ҳеҷ сарбози амрикоӣ пас аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ намонад. Вале мо ин эҳтимолро ба назар дорем, ки дар сурати имзои тавофуқномаи дуҷонибаи амниятӣ ё имзои он баъдан дар соли ҷорӣ, ба ҳузури низомии маҳдуди худ дар ин кишвар идома диҳем."

Эъломияи Қасри Сафед меафзояд, ки раиси ҷумҳури Амрико бовар дорад, ки президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай имзои ин тавофуқномаро ба ҷониши худ ки дар натиҷаи интихоботи моҳи апрели соли ҷорӣ мушаххас хоҳад шуд, вогузор мекунад. Қасри Сафед мегӯяд, ки Вошингтон орзу дошт, ки ин тавофуқнома то авохири соли гузашта имзо шавад, вале бо идомаи таъхири он, аҳдоф ва гузинаҳои Амрико муҳдудтар мешавад.

Руасои ҷумҳури Афғонистон ва Амрико дар бораи интихоботи оянда дар Афғонистон низ бо ҳам сӯҳбат кардаанд. Раиси ҷумҳури Амрико бар интихоботи шаффоф ва қобили эътибор таъкид карда ва гуфтааст, ки Вошингтон аз ҳеҷ яке аз номзадҳо ҳимоят намекунад ва интихоби раҳбари Афғонистон ба дасти худи афғонҳо мебошад. Ӯ гуфтааст, ки нерӯҳои амрикоӣ дар таъмини амнияти интихобот ҳамкорӣ хоҳанд кард. 34 ҳазор сарбози амрикоӣ дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳузур доранд. Дар сурате, ки тавофуқномаи амниятӣ имзо нашавад, Амрико дар назар дорад, ки шумори каме аз нерӯҳои худро пас аз соли 2014 барои омӯзиш ва машваратдиҳӣ ба нерӯҳои Афғонистон дар ин кишвар нигаҳ дорад.

Чак Ҳегел, вазири дифои Амрико бо дарназардошти ин, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳозир нест, ки тавофуқномаи амниятӣ бо Вошингтонро имзо кунад, дастури раиси ҷумҳури Барак Обама барои омодагӣ ҷиҳати хориҷ сохтани ҳамаи сарбозон аз Афғонистон як иқдоми маъқул донистааст. Вале ӯ гуфтааст, ки вазорати дифоъ дар айни ҳол барномарезии худ барои маъмурияти эҳтимолӣ пас аз соли 2014 дар Афғонистон низ идома медиҳад. Дар ин миён генерал Мартин Демпсӣ, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, ки қарор аст рӯзи панҷшанбе роҳии Афғонистон шавад, гуфтааст, ки ӯ идомаи ҳузури сарбозони Амрико дар Афғонистонро афзал мешуморад, чун шабакаи "Ал-Қоида" аз байн нарафтааст.

Агар тавофуқномаи амниятӣ миёни Кобул ва Вошингтон имзо нашавад, баста шудани пойгоҳҳои бузурге чун Багром ва Қандаҳор дар Афғонистон, бузургтарин чолиш дар баробари нерӯҳои Амрико хоҳад буд. Баста шудани ин пойгоҳҳо даҳҳо моҳ тӯл хоҳад кашид, вале мақомоти низомӣ гуфтаанд, ки дар сурати зарурат метавонанд, ин корро дар муддати кӯтоҳтар, вале бо ҳазинаи бештар анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG