Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости Эштон аз Русия дар мавриди Украина


Кэтрин Эштон

Кэтрин Эштон

Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз Русия хост, ки мисли ҳамсояи хуб бо Украина муносибат кунад ва имкон диҳад, ки Украина аз роҳи интихобкардаи худ пеш равад.

Хонум Эштон зимни сухунони худ дар нишасти хабарие дар Киев аз раҳбарони нави Украина “сахт ҷонибдорӣ” кард. Эштон аз ҷумлаи нахустин раҳбарони хориҷӣ мебошад, ки баъд аз барканории Виктор Янукович дар порламон аз Украина боздид мекунад.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, набояд Украинаро маҷбур сохт, ки барои ҳамкории наздик Русия ё Ғарбро интихоб кунад. Лавров ин суханонро рӯзи сешанбе дар Маскав дар як нишасти хабарии муштарак бо Жан Асселбон-вазири корҳои хориҷаи Люксембург изҳр дошт.

Интизор мерафт, ки рӯзи сешанбе порламони Украина аъзои кобинаи нави ваҳдати миллиро ба тасвиб расонад, вале Олександр Турчинов-кафили мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва раиси порламон гуфт, райдиҳӣ дар ин бора то рӯзи панҷшанбе ба таъвиқ андохта мешавад.
XS
SM
MD
LG