Пайвандҳои дастрасӣ

Додситониҳои низомӣ гурӯҳи вижаи расидагӣ ташкил доданд


Додситониҳои низомии Қирғизистону Тоҷикистон гурӯҳи муштараки вижаеро ташкил кардаанд, то ба ҳодисаи марзии 11 январ расидагӣ кунанд. Ин гурӯҳ бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон ташкил шудааст. Дар ин бора Додситонии кулии Қирғизистон дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ хабар додааст.

Ба таркиби ин гурӯҳи вижаи расидагӣ кормандони додситониҳои низомии ҳар ду кишвар ворид шудаанд ва ҳамоҳангиву назорат бар фаъолияти ин гурӯҳ бар души додситонҳои низомии ҳар ду кишвар вогузор шудааст.

11 январи соли ҷорӣ дар минтақаи марзии миёни ду кишвар дар деҳоти Оқсой ва Ворух байни марзбонони ҳар ду кишвар тирандозӣ рух дод. Сабаби ин тирандозӣ сохтмони роҳи автомобилгард дар минтақаи баҳсбарангези марзӣ буд.
XS
SM
MD
LG